ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Коллеҷи тиббӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти бо номи Абдӣ Авазови ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастовардҳои беназире, ки дар 30-соли сипаригардида халқи тоҷик ба даст овардааст, андешаронӣ намуда, бо ҷавонон барои саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дур будан аз фарҳанги бегонаву ҳурофотпарастӣ ва худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ ҷавондухтаронро барои аъзо шудан ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” даъҷат намуданд.