ВОКУНИШ. “Чу узве ба дард оварад рӯзгор...”. Бале! “Бани одам аъзои якдигаранд...” гуфтааст, Шайх Саъдии бузургвор асрҳо пеш. Имрӯз тафовути миёни давлати Афғонистону Тоҷикистон ҳеҷ тоҷикро бетараф гузошта наметавонад, зеро ки мо мардуми аҳли Хуросонему ҳамзабон, ҳамфарҳанг ҳастему ҳамдил. Имрӯза дарди миллати афғон дарди мо тоҷикон аст, зеро ки расо 29 сол қабл ҳамин дахшату хунрезӣ болои Тоҷикистон ҳукм меронду амири ҳукми хунрезӣ тоҷике бо номи Мавлавию наҳзати Ислом буд. Наҳзатиҳои Тоҷикистон низ мисли Толибони Афғонистон аз ислому шариати исломӣ сухан мегуфтанд.
Толиб кӣ асту чӣ мехоҳад, киро мекушаду барои чӣ?
Панҷшер куҷосту Кобул куҷост?
Толиб мусалмон асту мардуми Афғонистон на?
Чаро Парчами Толибон дигару Парчами Афғонистон, ки номуси ҳазорон афғон аст, дигар!
Ин ҳама решаи нобасомониҳо ҷавобаш якест!
Қудрат!
Мансаб!
Курсӣ!
Дар сиришту ботини Толибон мусалмонӣ дида намешавад. Куҷо дидед ва ё дар Қуръони муқаддас хондаед, ки бо номи “Алоҳу Акбар” кӯдаку занону модарон ва муъмини бегуноҳро мекушанд. Куҷо дидаед, ки болои Парчаме, ки номи “Алоҳ” дар он дарҷ гардидааст, хуни ноҳақ мерезад. Куҷо дидаед, ки як мавлавӣ ба ҷойи Меҳроб рӯй сӯйи аслиҳа мениҳад.Куҷо дидаед, ки Толиби бетақвову бесавод аз номи Худову Расулаш сухан мегӯяд. Куҷо дидаед, ки як ваҳшисифате, ки худ кӯчаи одамгариро надидааст, дар як давлат болои одамони ботақво ҳукмронӣ кунад.Куҷо дидаед, ки дар сиёсате, ки имрӯз забон бояд донисту техналогияро сарфаҳм рафт, домулое ҳукмронӣ кунад.
Ман надидам ва дидан ҳам намехоҳам. Сурати зишту андоми бенури Толибон шайтонҳоеро мемонад, ки дар сурати одамӣ дар хоки Афғонистон ба муҳлате ҳукмронӣ мекунанд. Худро ғайриқонунӣ давлат эътироф намуда, имрӯз кумакҳои давлатҳои дунёро, ки барои мардуми азиятдидаи афғон равон мешавад, мехӯранд.
Толибон ҳеҷ робита ба Ислом надоранд инҳо муродифи хоин, террористанд, он чи фисқу фасод, ҳарчи қафомондагиву ҷаҳолату хурофоту торикист, ҳар чи бераҳмист, онҳо доранд. Он чи чирку фисқу фуҷуру фасод аст, дар сурату сирати онҳо ҳаст. Он чӣ дар Ислом гуноҳ маҳсуб асту манъ аст, онҳо мекунанд ба мисли одамкушӣ, ғорат ва нашъамандӣ, ҳамҷинсгароиву бачабозӣ пас чи гуна метавонанд, аҳли ислом ё ҳомии Ислом бошанд?
Миллионҳо инсони беяроқ назди як яроқ ноилоҷанд, кушта мешаванд ин табиист аммо мағлуб нестанд. Куштани беяроқ ғолибият нест, ноҷавонмардист, нокасист, қотилист.
Дур кардани духтарон аз мактаб ин нишонаи дур кардани миллати афғон аст, зеро модари босавод миллатро тарбия мекунад. Толибон имрӯз занону духтаронро аз мадрасаву макотиб дур месозанду аз сиёсат дуртар. Фаромӯш сохтаанд, ки онҳоро низ зане ба дун овардаву насли касифашонро зане давомдиҳанда аст. Лек ҳайҳот рафторашон бо модарону занонашон маълум аст, он гуна ки мебинем.
Худованд бо нури имону мағфираташон ба тақдири мардуми афғон сафо мебахшад ва он рӯз дер нест, ки Аҳмади Масъуди ҷавон мисли Пешвои миллати тоҷикон мардуми афғонро аз вартаи нестӣ мераҳонаду дар таърих ҷовидон мемонад.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон