Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
АНДЕША. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, маҳзани умеду орзуҳо, раҳнамо ба олами донишҳост. Китоб хубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст.Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Оре, китоб шамъи дили инсон аст. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, хеҷ вақт дар торикиву ҷаҳолати танги зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ мегардонад.
Фурӯғи субҳи доноӣ.. ин фурӯғест, ки тайи се сол мешавад дар қалбҳои мардуми равшанзамири тоҷик шуъла афрохтаву қалбҳои ҳазорон нафарро суйи илму дониш ҳидоят сохтааст ва агар гӯем, ки ин фурӯғро Пешвои хирадсолори тоҷик ба қалбҳои миллати бовиқори хеш равшан сохтааст, хато намекунем, зеро ки чанд соли охир наврасону ҷавонон аз китобу китобхоне каме дур рафта буданд. Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рӯ овардани насли наврас ба китобу китобхонӣ самара доду имрӯз хурду калони кишвар рӯ ба китобхонӣ овардааст, сафи довталабон низ сол то сол зиёд мегардад. Ширкати ман низ, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст..” пайравӣ аз андешаҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст..” иштирок намудаму дар даври ноҳиявӣ дар наминатсияи хондан ва азёд намуданаи ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик миёни калонсолон ҷойи якумро дар даври ноҳиявӣ ба даст овардаам.
Пешвои миллат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад». Албатта, аз як тараф барои ман, ки ҳам тарбияи чор фарзанди ноболиғро ба ӯҳда дорам, кори давлатӣ мекунам, каме душвор аст, лек аз ҷониби дигар аз хондани китобу қироати шеър завқ мебарам. Доимо дар сари гавҳораи фарзандонам ба ҷойи суруди алла, дар кори хона шеърҳои Саъдиву Ҳофиз, Лоиқу Турсунзода, Гулрухсору Муъмин Қаноат, Гулчеҳраву Убайд Раҷабро месарояму ба худ завқ мебарам.
Интихоби ман наминатсияи хондан ва азёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик миёни калонсолон аст, зиёда аз 80 китоб хондаам, 2500 мисраҳои шеърӣ, 400 мисра достон, 250 афсона, 250 зарбулмасалу мақол, зиёда аз 150 чистон аз бар намудаам. Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад ва ҳар рӯзи мо таърих аст. Интихоби адабиёти бачагона бароям, амалӣ сохтани ормонҳои давраи бачагиям аст, зеро солҳои бачагии ман, ки айёми даргирии ҷанги шаҳрвандӣ буд ва мактабу дабистоне ба таври бояду шояд фаъолият намекарду мани ташнаи илму дониш ба ҷойи хондани китоб дар саҳроҳои беканор, зери офтоби сӯзон аз пайи дарёфти ризқу рӯзи мегӯзашт. Хостам саҳифаи таърихӣ китоби зиндагии хешро, он ҳам овони бачагиямро бо иштирок дар ин озмун, нависам.
Дар оилае, ки падару модар шавқ ба китобу китобхонӣ доранд, дар оила самар хоҳад дод. Дар баробари ғолибияти ман духтаронам Беназири 8 сола сазовори ҷойи сеюм дар наминатсияи хондан ва азёд намудани ашъори бачагона ва афсаноҳои халқи тоҷик миёни наврасон, Румайсои 6 -сола хурдтарин иштирокчии озмун буда, ҳамчун иштирокчии беҳтарин дониста шуд. Падарам Абдуллоев Пирмурод дар наминатсияи хондан ва азёд намудани ашъори адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардидааст. Ҳамакнун, ману Беназиру Румайсо ва падарам ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...” омодагӣ мебинем.
Саёҳат Абдуллозод, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон