ПАНҶ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, муовинони раис, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон, роҳбарони ташкилоту идораҳо, аъзо ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия ҳозиринро бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, фаъолони ҳизбро бо сипосномаҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳо сарфароз гардонид.