ҚУБОДИЁН. Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида маҷлиси ҳизбӣ доир гардида, ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар аъзои фаъоли ҲХДТ бо Сипосномаи КИМ ҲХДТ қадрдонӣ карда шуда, 10 нафар аъзои фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар охири вохӯрӣ Шарифзода Маҳмадаюб дар мавзӯи 30 - соли дастовардҳои Истиқлолият суханронӣ намуда, ба фаъолон барои саҳми арзанда гузоштанашон дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа иштироки, фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ- фарҳангӣ изҳори миннатдорӣ намуд.