БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОЙГОНӢ”

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойгонӣ» бо аъзо, фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.

Зимни суҳбат бо кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар оиди зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби шахсони фаъолу лаёқатманд, дурусту пурра ҷобаҷо намудани ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Ҳамзамон иштирокдорони вохӯрӣ иброз намуданд, шахсони арзандаро аъзои ҲХДТ намуда, фаъолияти хешро дар ин самт дучанд менамоянд ва корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, баҳри шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg