БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА БА ШУМОР МЕРАВАНД

АНДЕША. Пешвои миллат натанҳо дар Паём, балки аз ибтидои фаъолияташон пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро  мавриди ҳимоят қарор медоданд.

Ҷавонони имрӯза хушбахтанд, аз он хотир, ки онҳо дар солҳои чанги шаҳрвандӣ   дар ҳолати дилшикастагиву ноумедӣ қарор доштанд, касе ё қуввае набуд, ки ба онҳо шавқи зиндагӣ ва умед ба ояндаро бахшад. Вале дар ҳамон шароит, ки аксарияти аҳолии Точикистонро   ҷавонон ташкил медод,  Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар мулоқоти таърихии худ, ки соли 1994 бо ҷавонон шуда гузашт, таваҷҷуҳи ҷавонон ва кулли ҷомеаро дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, фаъолнокии созмони ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, омӯзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ҷалб намуда, дастгирии кӯдакони бепарастор, дастгирии мактаб-интернатҳо, таъмини ҷавонон бо манзили истиқоматӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, дуздиву нашъамандӣ, тарбияи хештаншиносиву ватандӯстӣ  шӯълаи умедро дар қалби ҷавонон барафрӯхт. Ҷавононро  ҳамаҷониба кумаку дастгирӣ  карданд.

Ин буд,ки ҷавонон эҳсос карданд, ки соҳиб доранд ва дилашон ба ҳаёту зиндагӣ гарм шуд  Имрӯз барои ҷавонон ҳама шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамин росто гуфта метавонам, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва фароҳам овардани ҳама шароит барои рушду пешрафти онҳо яке аз намунаҳои олии ояндабинии Роҳбари давлат мебошад. Зеро ҷавонон нерӯи бузургу боқувват  ва нерӯи аслии имрӯз ва умеди ояндаи дурахшони ин миллату давлат ба шумор меравад.

Боварӣ дорем, ки ҷавонони ҳушманди мо ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат  тамоми сайъю талоши худро барои донишандӯзиву интихоби касбу кори муосир равона сохта, баҳри ободиву пешрафти Ватани биҳиштосои худ саҳми арзандаву босазои худро мегузоранд.

Сунатуллоева Мавзуна,  мудири шуъбаи кор бо занон ва чавонони КИН ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg