БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ ОМӮЗИШИ ГУЗАШТА ОЯНДАРО НАМЕТАВОН БУНЁД КАРД

ЛЕВАКАНТ. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, раиси собиқадорони меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, сармуҳарири рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд” Орзу Ашуров аз вазъи китобхонаи ташкилоти ибтидои ҳизбии Шуъбаи агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Левакант бозбинӣ намуданд.

Китобхона қисмати асосии Шуъбаи агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр мебошад, ки ҷараёни таълимию тарбиявӣ ва тадқиқоти илмиро бо адабиёт ва иттилоот таъмин намуда, ҳамчунин маркази паҳн намудани дониш, муоширати маънавию зеҳнӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мегардад.

Китобхонаи мазкур ҳамчун маркази асосии таъминкунандаи раванди таълим ба иттилоот ва ташаккулдиҳандаи салоҳияти касбии кормандон нақши муҳим дорад.

Қайд гардид, ки китоб муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, хоса насли ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад. Китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои волои миллӣ ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Воқеан, дар роҳандозии рисолатҳои китобу китобхонӣ ва тафаккури китобӣ, инъикоси дастовардҳои маънавии инсоният ва рушди иқдисодиёту инноватсия китобхонаҳо мақому мартаба ва нақши назаррас доранд. Зеро, бе омӯзиши гузашта ояндаро наметавон бунёд кард.

Роҳбарияти Шуъба  Саъдулло Шарипов мунтазам кӯшиш менамояд, ки аз рӯйи имконият фонди бадеии китобхонаи коргоҳашро бо адабиёти бадеӣ таъмин намояд, то дар боло рафтани маданият ва завқи забономӯзии кормандони Шуъба ҳиссагузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg