БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ДАР РӮИ ДИНИ ИСЛОМ ДОҒИ СИЁҲ ГУЗОШТААСТ

ВОКУНИШ.  Таъмини сулҳу субот ва амнияту пойдории кишварҳо омили калидии роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созандаи рушди устувор дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад. Бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бахусус падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза - терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Имрȳз давлатӽои ғайримусалмон дар чеӽраи ислом бунёди терроризму экстремизмро мебинанд, тамоми давлатӽои мусалмоннишинро зери сарзаниш қарор медиӽанд. Бар он ақидаанд, ки ҳар ҷо ки мусалмон аст, онҷо қатлу куштор, иғвоангезӣ ва таӽаввулгарӣ низ вучуд дорад. Аҷаб фалсафае:   -дини мубини Ислом пок ва Қуръони Карим мукаддас аст. Инчунин,  Холиқи якто низ ӽеҷ вақт ва ӽеҷ куҷо қатли инсонро амр накардааст. Аммо афсӯс таассуб, хурофотпарастӣ, дингароиву миллатгароӣ, манфиатхоҳиву мазҳабтарошӣ, куштор ва хунрезии гурӯӽӽои махсус ва ё гурӯӽӽои зархарид ба рȳи дини мубини Ислом доғи сиёӽ гузоштанд.

Рушди бесобиқаи терроризму экстремизме, ки  ӽама кишварӽоро ба ташвиш овардааст, Тоҷикистонро ӽам зери хатар низ гузоштааст. Падидаӽои номатлуб, равияӽои гуногун   бегонапарастӣ, ӽизбу ӽаракатхои иртиҷоӣ, истиқлолият ва амнияти мардуми тоҷикро халалдор сохтааст. Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон дар баромадӽояш ҷиӽати пешгирии терроризм ва ихтилофот пайваста суханронӣ менамояд, инчунин ба дарку фаӽми онӽо мерасонад,ки майл ба фарӽанги бегона надошта бошанд. Нагузоранд, ки душманони давлату миллати тоҷик бо ақидаҳои хоинона бо эӽсосоти мардум аз ҷумла ҷавонони мо  бозӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки муқовимат нишон додан бар зиди терроризм кори нафақат мақомоти дахлдор, балки вазифаи ӽар як шаӽрванди Тоҷикистон аст. Аз ӽамин хотир бояд ӽушёр бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳама якҷоя алайҳи ин ҳаракати номатлуб мубориза барем ва нагузорем, ки ватани тинҷу ороми моро касе дигар халалдор созад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg