БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Худшиносии миллӣ аз сарҷамъии миллат оғоз меёбад

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ба  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеи ҷавонон  дар  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Муъминобод”   вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Муъминобод”  Эргашев  Алишер    кушода,   мақсади  ҷамъомадро ба иштирокдорон  фаҳмонид.  Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав  Алиева  Сураё

оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон -ҳизби   созандаю  бунёдкор,  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва  дастуру  ҳидоятҳое, ки  дар  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар, инчунин  дар  вохӯрӣ бо  аҳли  заҳмати   вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи  Данғара  рӯзи  2.06.2018  мавриди баррасӣ қарор дода,  аз  сокинон даъват  ба  амал  овард, ки  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Сарвари  давлат  ва дар самти таъмини   яке  аз  ҳадафҳои  давлату  Ҳукумат Истиқлолияти  озуқаворӣ  ва бо дастовардҳои баланди меҳнати таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ  саҳми  арзанда  гузоранд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg