БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАНБЕГИҲО БАҲРИ ОБОДКОРӢ ВА ЗЕБОГАРДОНӢ

ВОСЕЪ. Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии ободониву тамизкорӣ кормандони масъули ҲХДТ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкати фаъолона варзиданд. Зиёда аз 150 нафар дар назди корхонаву муассисаҳои худ шанбегӣ баргузор намуда, ҷӯйборҳоро аз партовҳо ва аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуда, гирду атрофи биноҳоро рӯбучин карданд.

Бояд қайд намоем, ки иштирокдорони шанбегӣ омода ҳастанд ҳар ҳафта дар корҳои ободонӣ баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg