БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? - ИЗЗАТ ДОШТАН…

АНДЕША. Соҳиби Истиқлолу озодӣ будан чӣ ифтихори бузург аст. Истиқлолият, яъне соҳиби ҳама шарафу иззат будан. Худро мустақилона шинохтан, дар гуфтор дар баёни фикр озод будан ва умуман ҳаёти бидуни дахолати дигарон доштан. Воқеан ба шукр гуфтан меарзад. Шукри ин ҳама ихтиёру озодиву оромӣ! Ба қавли Пешвои миллат, Истиқлол ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷомеа, махсусан, ҷавонон ба қадри он бирасанд, онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд, асоси хушбахтии худ ва наслҳои минбаъда донанд. Агар таърихи тамоми миллатҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз давлат доранду онро ҳифз намудаанд, омӯзем ба ягон халқу миллати дунё истиқлолу соҳибдавлатӣ саҳл осуда ба даст наомада ва туҳфа нагардидааст. Ҳамаи онҳо барои ин неъмати бузург муборизаҳои тӯлониву сахту сангинро паси сар намудаанд. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик яке аз миллатҳоест, ки ҳанӯз аз қадим соҳиби давлат ва девону дафтар буд. Бо мурури вақт ва дар марҳилаҳои таърих чандин маротиба марзу ҳудуди он тағйир ёфт. Вале, рӯҳияи истиқлолхоҳиву соҳибихтиёрӣ зеҳни равшанфикрони миллатро ҳеҷ гоҳ тарк накарда буд. Дар ҳама давру замон арзишҳои бузурги маънавию фарҳангии худро ҳифз кард. Ҳамин рӯҳия омили асосии дубора эҳё гардидан ва ба Истиқлол расидани ӯ гардид. Чун ҷомеа, бахусус ҷомеаи демократӣ, гуногунрангу гуногунандеша аст, ҳар як аъзои он истиқлол ва моҳияти онро ба тарзи худ ва дар сатҳи тафаккури худ дарку эҳсос менамояд. Дар умум, агар ҳама андеша ва дидгоҳро ҷамъбаст намоем, мардуми кишвар аз истиқлол ифтихорманду хушҳоланд ва аз имконияту имтиёзҳои он баҳравар мебошанд. Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод. Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли кишвар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки ба маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрванди кишвар ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Инак,  замони соҳибихтиёрии моро 30-соли пур шуд ва ҳамаи ҳамдиёронро ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям!

Муҳаммадюсуф Абдуллоев, мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg