АНДЕША. Мо мардуме ҳастем, ки таърихи куҳан дорему сарзаминамон аз аҷдодонамон ба мо расидааст. Дар хоки диёрамон ҳамаи он корнамоиҳои фарзандони фарзонаи кишвар нақш бастаанд ва дар саҳифаҳои таърихӣ тамоми машақати сарбозону сарлашкарони шуҷоӣ мо навишта шудааст. Аз замонҳои қадим ба диёри мо сарлашкарони зиёди аҷнабӣ ҳуҷум намуда, бо набардҳои сахту хунрезӣ рӯ ба рӯ шудаанд.Чунки ин сарзамин дар ҳама давру замон Рустами паҳлавони худро дошт, то ки кишварашро аз бегонагон ҳифз намояд. Акнун вақте он расидааст, ки мо зери Парчам ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яктан истода кишвари таърихии худро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо эмин нигоҳ дорем. Ҷанги дохилии давлати ҳамсоя ба мо Афғонистон бори дигар нишон дод, ки дар ҳолати ногувори ҷангӣ касе дахолат накарда, ҳама маслиҳатгар худро нишон медиҳанд. Мардуми сарсону саргардон ба ғайр аз худаш каси дигар ба онҳо дасти ёрӣ дароз намекунад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки дар ҳама давру замон занҷираи муттаҳидиро аз даст надода, хоки диёр ва озодиву нангу номуси хешро ҳифз намоем. Муттаҳидии мо, сарҷамъии мо аз ҳама аслиҳаи вазнинест, ки то ҳол дар дунё чунин аслиҳа истеҳсол нашудааст. Масалан дар замони Шӯрави муттаҳидии халқҳо ҷанги даҳшатбори Бузурги Ватаниро анҷом бахшида, душманро дар лонаи худ нобуд сохт. Мо кишваре ҳастем, ки ҳар як сангу руду дарахтамон бароямон шинос ва ошност. Ин сарзамини мо аст ва аз мо ҳама вақт дифоъ мекунад. Танҳо мо дар муттаҳидӣ ҳамагуна таҳдиду ҳуҷумро метавонем, ки бартраф намоем.
Аз ин рӯ мо ҷавононро бештар зарур аст, ки баҳри ҳимояи кишвар, марзу бум ва номуси ватандорӣ заҳмат кашида, сарзамини аҷдодии худро ҳимоя намоему ба насли наврас арзиши онро таъкид кунем.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ