ДӮСТӢ. Таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дустӣ.
Бо иштироки зиёда аз 3 ҳазор нафар аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ин ҷашни бошукӯҳ ва фархунда роҳпаймоӣ доир гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроия ва тамоми раисон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизби ва аъзоён фаъолона иштирок намуданд. Рафти роҳпаймоӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, аз ҷониби меҳмон ва тамошобинон хуш пазируфта шуд.