АНДЕША. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан ба тире монанд аст, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан монанди доруе мебошад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерую ҷон ва солимонро ақлу ҳуш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.
Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан хираду сирати шахсро таҷассумгар аст. Сухандони бузург дар ягон давру замон дар намемонад. Сухани накӯяш роҳнамои ҳаёти осоиштааш мегардад.
Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дил ҷонро рӯйгардон созад. Донишманди Юнони кадим Эзоп дар бораи суду зиён ва манзалату бузургии забон фармуда:
Чи чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем. ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидааст, зеро забон оғози фитнаву бахсу ҷанчолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дуруғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, фасод меандозад, хилаву фиреб ба кор меборад. Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт.
Хулоса, сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст.
Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомуш ибрози андеша сохт, аммо ҳар як суханро дар тарозуи акл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухани хуб ба даст овард.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ