ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷояги бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ вобаста ба солим нигоҳ доштани саломатӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист, риояи гигиенаи шахсӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздидиҳавлигӣ суҳбатҳои ороста, ба сокинон зиёда аз 120 адад варақаҳои таблиғотӣ дастрас карданд.