БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - РОҲИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Таҳлилҳои ҳаёти 30-солаи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит месозад, ки дар ин давра Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Комёбии асосие, ки ба муваффақиятҳои минбаъда заминаи пойдор гузоштааст, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар ҷомеа буд, ки пас аз талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 ба даст омад. Ин маънои онро дошт, ки Сарвари давлат ба ваъдаи дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ додааш вафо кард ва ба мардуми аз ҷанги бемаънӣ азияткашида сулҳ овард.

Истиқлолият дастоварди бузург ва беҳамтои миллат аст. Ин неъмати бебаҳо ба кишвари мо умри дубора бахшид. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба майдони бузургу боҳашамати бунёдкориву созандагӣ табдил ёфтааст. Мардуми шарифу сарбаланди мо баъди ҳазор сол соҳибдавлат ва соҳиби кишвари озод гардида, соҳибистиқлол шуданд. Ин сарзамини аҷдодӣ аз гузаштагони дур ба мо мерос мондаву то имрӯз онро аз ҳама ҷангу нооромӣ, бадбахтӣ ва нокомиҳо ҳифз менамоем, барояш ҷон нисор мекунем ва ободу зебо ва муққадас медорем.

Истиқлолият воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз бо шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин санаи тақдирсоз дур мебарад, хамон қадар аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Дар давоми 30-солагии Истиқлолият кишвари азизи мо ба як давлати обод ва шинохтанашаванда табдил ёфт. Тоҷикистон дар ин давра чи дар соҳаи сиёсат, чи дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Кулли бурдбориву ободкориҳо боварии мардумро ба фардои дурахшон бештар менамояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз истиқлолият ибтидо мегирад. 

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон    ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg