БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баракати зиндагӣ дар меҳнати софдилона аст

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ,  тақвият  бахшидан  ба  Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал  бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  дар ташкилоти ибтидоии “Ҳосилот”  вохӯрӣ  доир гардид.

Дар рафти маҷлис  амалӣ ва татбиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти Ваҳдати миллӣ, қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таърих ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, бинобар эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намудан атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуд.

Ҳамзамон,  дар вохӯрӣ  мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлонро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg