ҶАЙҲУН. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин иншооти гигиенӣ” деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Истиқлол ҷойи 2-юмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаи хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
Сокинон бо роҳбарии раиси деҳа аз ин қадрдониҳо хуштабъ гардида, азм гирифтанд, ки дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” сохтмони моғозаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи кории раиси деҳаро тибқи лоиҳаи ангоравӣ сохта ба истифода диҳанд.