БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҒАЙР АЗ ХУДИ МО КАСИ ДИГАР ДИЁРАМОНРО ОБОД НАХОҲАД КАРД!

АНДЕША. Кишвари офтобрӯя, дорои оби мусаффо ва табиати нотакрор насиби мо имрӯз гардидааст. Ин сарзамин аз замонҳои қадим зери давлати бузурги аҷдодони мо қарор дошт. Мо дар гузашти ҳазор сол боз аз сари нав давлати худро ба по хезонда онро Тоҷикистон муаррифӣ намудем. Аз соли 1991 то ин ҷониб дар бозсозии кишвари худ саҳм гузошта бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои фалаҷшударо ба по хезондем. Ин кишвар дар ҳоли ҳозир зеботарин ва дорои амну субот мебошад.

Аз ҳодисаҳои давлати ҳамсоя маълум аст, ки ҳар як давлатро ба ғайр аз мардумаш каси дигар мақсади ободиашро надорад. Дар хабарҳои васосити ахбори омма маълум мегардад, ки дар ҳудуди давлати Афғонистон чи ҳодисаҳое руй дода истодаанд, ки мардумаш ҳамчун гуреза диёри худро тарк намуда истодааст. Ноамни ва аҳволи вазнин бар сари мардум бор шудааст.

Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд менамояд, ки каси дигар мақсади ободии диёри моро ба ҷуз аз мо надорад. Мо шаҳрвандонро зарур аст, ки дар ободии диёри худ саҳм гузошта, амну субот, оромӣ  ва хатти сарҳади худро устувор нигаҳ дорем.  Ба нафарони дассисабозу фитнаандоз гӯш надиҳему ҳар як порча кишвари худро нигаҳ дорем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg