БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ САНАИ САРНАВИШТСОЗ ВА МУҚАДДАСТАРИН ҶАШНИ МЕҲАН АСТ

АНДЕША.  Имсол, яъне соли 2021-ум барои кулли мардуми шарафманди тоҷик ва меҳанамон соли нишот,соли ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Таҷлили ин санаи фархунда замоне роҳандозӣ мегардад, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу салоҳ, тинҷиву амонӣ ҳукмфармост.

Таърих гувоҳ аст ва собит кардааст, ки танҳо он халқ, он кишвар аз нестиву аз фалокатҳо метавонад халосӣ ёбад, ки Пешвои наҷиби худро дошта бошад, то ки бо роҳбарии оқилонаи худ миллатро ба пирӯзиҳо бирасонад. Ба бахти неки мо Худованд чунин Пешворо ба мо дод. Мо дида истодаем, ки чи қадар халқҳои гирифтору ғурбатзадае ҳастанд, ки ормону ҷасорату ҷоннисориҳо мекунанд, аммо ба мақсади волои худ, ба Истиқлолияти давлатӣ, ба озодӣ намерасанд. Шояд онҳо сарваре чун Пешвои мо надоранд, аз ин рӯ наметавонанд муттаҳид шуда ба ҳадафи худ бирасанд.

Истиқлолият ин неъмати бебаҳост. Маҳз он боис мегардад, ки мардум дар як фазои сулҳу субот ба корҳои созандагию бунёдкорӣ фарогир буда, баҳри ободии меҳан саҳмгузор гарданд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 “ Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба раванди созандагиҳо такони ҷиддӣ бахшид. Имрӯз на танҳо пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе, балки тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, ҳама шаҳру деҳоти он рӯ ба ободиву бунёдкорӣ ниҳодаанд.

Имрӯз дар назди миллати мо, халқи мо, ҳар яки мо масъулияти баланди дорои рисолати миллии худ, дорои худшиносиву ватандории худ меистад. Ҳар яки мо бояд манфиатҳои Ватану миллатро баландтар аз манфиатҳои худ бигузорем ва дарк кунем, ки манфиатҳои шахсии мо ҳаргиз ба манфиатҳои Ватану миллатамон ҳеҷанд, нопойдору бебақоянд.

Мо мардуми сарбаланди тоҷик, аз Сарвари хеш ифтихор дорем, мекушем то ба боварии он кас содиқ бошем, сиёсати пешгирифтаи ӯро дастгирӣ намоем, якдилу яктан Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Ин санаи сарнавиштсоз, ки барои мардуми тоҷик муқаддасттарин ҷашн, орзую омоли дерин ва ҳамешагии халқи мост моро водор месозад, ки барои ободиву оромии меҳани азизамон бо тамоми ҳастӣ сайъ кунем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои Ватану давлат доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи фарзии худро дар назди Ватан ва халқи азизамон ба таври сазовор иҷро намоем.                        

Саидов Муҳаммадҷон,  мудири ташхисгоҳи беморхонаи №5-и н. Восеъ          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg