БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕТАЛАБАД

АНДЕША. Коррупсия вабои аср буда, он шаъну шарафи миллат ва давлатро дар арсаи ҷаҳон паст менамояд, дар робита ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри паст кардан шиддат ва сатҳи коррупсия чораҳои муассир андешида истодааст.

Афзоиши ҳолатҳои коррупсионӣ  тайи солҳои охир дар кишвар боиси нигаронии мақомоти қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст. Барои муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва кам кардани шиддати он дар кишвар санадҳои муҳими давлатӣ қабул шудааст. Ба ин санаду конунҳо нигоҳ накарда мардуми кишвари мо ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд. Мавҷудияти коррупсия низ бесабаб нест. Яке аз сабабҳо вазъи иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Агар чанде вазъи молиявии сокинон беҳбуд ёфта бошад, ҳам ин амалҳои номатлуби ҷомеа идома ёфта истодааст. Ҳастанд ҳолатҳое, ки роҳбарон барои амалӣ намудани мақсад ва манфиату ғаразҳои шахсӣ, баъд аз муроҷиати шаҳрвандон ришва талаб менамоянду ҷавоби мусбат мегиранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маърифати ҳуқуқии шахрвандон паст буда, надонистани ҳуқуқҳои худ ва уҳдадориҳои қонунии шахси мансабдори давлатӣ сабабгори сар задани амали коруппсионӣ мегардад.

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Бинобар ин, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро мебояд, ки дар ин самт фаъолияти софдилона ва хизмати шоиста ба халқу диёр намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин марази ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд. Коррупсия мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон сади роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg