БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ - ЗИЁНБАХШИ САЛОМАТИИ ИНСОН

АНДЕША. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад.
Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобругӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯӣ гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро поӣмол мекунад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд. Бехуда нагуфтаанд:

Ростиро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеч ҷоӣ нарасад.

Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад.
Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу беёдашон мегардонад.
Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблаг онҳо тамоми дороии хонаашонро фурухта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардуш мегардонанд. Дар натиҷа, чамъият ваӣрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кучаву хиёбонҳо ба ҳаӣси нокасу беобруӣ ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора мегарданд.

Албатта, ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд, пойдеворе, иморате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.
Хулоса, моро зарур аст, ки муборизаро дар самти ин маводи зараровар дастаҷаъмона пурзӯр намоем, то пеши роҳи нашъа ва бемории нашъамандӣ гирифта шавад.  Аминем, ки бо мурури вақт нашъамандӣ чун офтоби қуллаи кӯҳе рӯзе ғуруб мекунад. Иффат, покдоманӣ, ростӣ, росткорӣ ва солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллат пирӯз мегардад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg