БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАВҲАРИ БЕБАҲОСТ!

АНДЕША. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот “Дар бораи Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Чун ҷомеа, бахусус ҷомеаи демократӣ, гуногунрангу гуногунандеша аст, ҳар як аъзои он истиқлол ва моҳияти онро ба тарзи худ ва дар сатҳи тафаккури худ дарку эҳсос менамояд. Дар умум, агар ҳама андеша ва дидгоҳҳоро ҷамъбаст намоем, мардуми кишвар аз истиқлол ифтихорманду хушҳоланд ва аз имконияту имтиёзҳои он баҳравар мебошанд. Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод. Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли кишвар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки ба маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрванди кишвар ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Мо ҷомеаи ҳуқуқбунёд бунёд карданӣ ҳастем дар ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ амри зарурист. Мардуми мо бояд аз қонунҳои амалкунандаи кишвари худ огаҳии комил дошта бошанд ва дар доираи онҳо амал намудан ва фаъолият карданро омӯзанд. Як бахши фаъолияти ҳизби мо, бахусус аъзои фраксияи мо дар парлумон, пайваста шарҳу тавзеҳи қонунҳои амалкунанда ва қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки ин иқдом дар боло рафтани маърифати ҳуқуқии мардум аз манфиат холӣ нест. Солҳои охир мо шоҳиди ҳодисаҳое мегарде м, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии чандин кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расониданд. Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади нерӯҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафу нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарку қабул карда тавонанд. Барои ин, ба маърифати сиёсии мардум бояд таваҷҷуҳ намуда шавад.

Алиев Зафар, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg