БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА МАВСИМИ САРМО ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

ВОСЕЪ. Имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғунучини ҳосил дар ноҳияи Восеъ сокинон чун дигар сокинони мамлакат барои давраи зимистон омодагӣ мебинанд.

Истиқоматкунандагони ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фаслҳои тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулотҳои дастранҷи худро захира намудаанд. Сокинони ин ҷамоат ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ тайёр намуда истодаанд.

Зимни суҳбат бо сокинон аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ таъкид карда шуд, ки бояд ҳар оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор зарурӣ захира намояд ва зиндагии шоиста барои худ ва аҳли оилаи худ фароҳам оварад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg