БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛ БАРАКАТ АСТ!

АНДЕША. Беҳуда нест, ки қариб тамоми дастовардҳо ва ободиву шукуфоиро дар кишвар ба ҳастии Истиқлолият рабт медиҳанд  ва мо дастовардҳое дорем бо номи “Дастовардҳои даврони Истиқллолият”.  Бешак Истиқлол манбаи тамоми дастовардҳои миллату давлати  мост. Зеро агар мантиқан назар афканем, як кишвар, як миллат замоне, ки воқеан соҳиби Истиқлол аст, соҳиби ҳама чизи дигар шуда метавонад, аммо агар баръакс як кишвар соҳиби ҳама чиз бошаду Истиқлол надошта бошад метавонад тамоми дороии худро аз даст бидиҳад. 

Истиқлолият пеш аз ҳама барои миллати азиятдидаи тоҷик баракат аст, файз аст. Истиқлол неъмат аст, ки бо баҳраварӣ аз ин ганҷи бебаҳо аз ин неъмати бузург, тамоми гӯшаву канори  кишвар дар ҳоли рушду ободонист. Аз файзи Истиқлол аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дастархони пурнозу неъмат, хонаи ободу хотири ҷамъу осуда дорад.   Ба ҷуз ин қариб  кӯчактарин маҳҳаллае ёфт намешавад, ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлол омодагӣ набинад. Ҳама ҷо пур аз файзи Истиқлол, ҳама ҷо пур аз тантанаҳои Истиқлол аст.

Маҳз дар даврони Истиқлолият мақоми зан то ҳадди зарурӣ баланд, имкониятҳои ҷавонон бешумор, имкониятҳои барои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон васеъ гардид. Тамоми расму тамаддуни миллати тоҷик дар ин давра бо дастгирӣ ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид. Ба мисоли эҳёи дубораи ҳунарҳои мардумӣ, хурокҳои миллӣ, такмили омӯзиши васеи таърихи халқи тоҷик, номгузории шаҳру ноҳияҳо ба номҳои таърихии тоҷикӣ. Бо вуҷуди он Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддати кӯтоҳе, ки кишвари мо онро дорост, то ҳадде устувор аст, зеро ҳастанд давлатҳое, ки тӯли зиёда аз 100 сол аст, ки соҳиби Истиқлоли хешанд, аммо бо ин вуҷуд онҳо оромию ободии том надоранд. Мо дар як муддати кӯтоҳ тавонистем, кишварамонро ба як давлатҳои  ободу амну зебову ором мубаддал созем. Албатта бо шуурмандӣ ва фидокориҳои  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 

Ҳоло, ки ҳама ҷо пур аз тантанаҳои Истиқлол, пур аз файзу нишоти Истиқлол аст ва Ҷумҳурии азизамон-Тоҷикистон ҷашни бошукӯҳе чун 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дорад, бо шукргузорӣ аз тинҷию осоиштагӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ҳамаи ҳамватанонро ба ин муносибат сидқан муборакбод намуда, таманно мекунам, ки Истиқлоли бомашаққат ба дастовардаи мо ҷовидону поянда бошад ва хонадони ҳар сокини ин кишвари соҳибихтиёр лабрези сулҳу  саодатмандию  баракат бошад!

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg