БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОР АЗ СӢ СОЛИ СОЗАНДАГӢ

Ҳанӯз 9 сентябри соли 1991 кишвари азизамон ба истиқлоли давлатӣ ноил гардида буд, ки аз ин сана расо 30-сол сипарӣ шуд. Гарчанде ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар як марҳилаи бисёр ҳассос қарор дошт, фурсати кӯтоҳи таърих муайян кард, ки ин миллат созанда аст ва бо азму иродаи устувор пайи фатҳи қуллаи муваффақият мебошад.

Дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ наметавон саҳми иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, нодида гирифт, зеро ҳалли проблемаҳои ҷиддии мамлакат аз ин ҷо оғоз гардидаанд.

Маҳз аз он давр бо саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, майлу иродаи халқ ва эътимод ба ояндаи дурахшон мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти кишвар ва ҷомеа зина ба зина бартараф гардида, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат ҳифз гашт.

Марҳила ба марҳила мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ барқарор гашта, фаъолияти онҳо барои хизмат ба манфиати халқ ва давлати соҳибистиқлоламон равона гашт.

Дар ин давра тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бемайлон рушд карданд ва сатҳу зиндагии мардум ба куллӣ дигаргун гашт.

Хушбахтона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун кишваре мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами сайёра пешсаф аст.

Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист, ки бо ташаббусҳои наҷиб хизматҳои босазоеро анҷом дода, ба сӯи пешрафт ва зиндагии шоиста ҷомеаро муваффақона раҳнамоӣ намояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳои сазовор додаанд, ки “халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ намуда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”.

Ба ин хотир бояд мароми мо созандагӣ бошад, пешрафти кишварамонро боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиро суботкорона бартараф намоем, кӯшиш намоем, ки Тоҷикистони азиз ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гардад.

Бо изҳори фараҳмандӣ ҳизбиёни вилоят ва дар умум тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишварро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонаводаи ҳар сокини кишвар осоиши рӯзгор ва иқболи баланд таманно дорам.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg