БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

АНДЕША. Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Инсон дар тӯли ҳастии хеш тавассути ақли бузургаш гулу гиёҳро месабзонад, ҳайвонотро нигоҳ дошта, парвариш мекунад, муҳити хешро тозаву озода нигоҳ медорад, ифлосию нопокиро бартараф менамояд. Билохира, инсон дар давоми зистанаш фарзандони солимро ба дунё оварда, онҳоро ба камол мерасонад. З-ин рӯ, ҳар як инсони рӯи замин вазифадор аст, ки тозакорӣ ва пок нигоҳдориро риоя намуда, ба фарзандони худ низ инро омӯзонад.

Тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад. Инсоният дар ҳаёти рӯзмаррааш бояд қарзи инсонии хешро адо намуда, вазифадор аст, ки табиат ва муҳити хешро тоза нигоҳ дорад, зеро табиати инсон танҳо ба покӣ ва тозагӣ ниёз дошта, бе он зинда буда наметавонад.

Одамон, бахусус занон нахуст касонеанд, ки бояд маводи рӯзгор, аз қабили хонаву ашёи он, молу амвол, либосу палос, ҷамъи ашёи рӯзгордорӣ, тозагии тифлон ва наврасонро пок нигоҳ дошта, ҳамаро ба покизакорӣ талқин намоянд.

Агар дар оила зани оқилаву порсо ва покдоману ҳалолкор бошад, ҳама ашёҳо ва амволи хонаро доим тоза нигоҳ дошта, ба оила муҳити солимро фароҳам меоварад. Зеро тозагии гирду атроф ба саломатии инсон таъсири мусбӣ расонида, гарави тансиҳатии ӯ мегардад.

Мутаассифона, дар ҷамъият шахсоне вуҷуд доранд, ки муҳитро ифлос намуда, нисбати тозагӣ ва покии муҳит беаҳамиятона ва хунукназарона рафтор мекунанд. Бояд бо чунин шахсон мубориза бурда, кӯшиш кард, то онҳо низ аз пайи ислоҳи камбудии хеш гардида, покизакору хушрафтор гарданд.

Ҳамин тариқ, мо – инсонҳо, ки Худованд барои мо муҳити хуби зист ва сарватҳоро муҳайё намудааст, бояд ин ҳадяҳоро поку беолоиш нигоҳ дошта, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем.

Умедаи Акрамзода, сармухассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg