БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

ВИЛОЯТ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ мулоқоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Меҳроҷ Раҳимзода ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров бо волонтёрон аз ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Меҳроҷ  Ғуломов  ҷиҳати тақвияти фаъолияти волонтёрӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, омодагии волонтёрон барои гузашти роҳпаймоии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази шаҳри Бохтар баргузор мегардад, суханронӣ намуд. Ҳамзамон, Саидшо Асроров  вобаста ба моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ва сазовор пешвоз гирифтани он, фаъол будани ҷавонон вобаста ба гурӯҳу ташкилотҳои хатарзои ҷомеа, омӯзиш ва самаранок истифода бурдани шабакаи интернет ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg