БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАҲАИ ТАНТАНАҲО ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи даҳаи тантанаҳои идона бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо супориши раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод ва ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти Ваҳдат, бахши фарҳанги шаҳр дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Истиқлол чорабинии идонаи "Шоми Истиқлол" баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинии идона меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони деҳа дидан намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдат Султонов Фарух аз дастовардҳои замони Истиқлолият ëдовар шуда, тамоми иштирокчиëни чорабиниро ба 30 солагии Истиқлолият табрик намуданд.

Сипас, барномаи фарҳангии бахши фарҳанги шаҳр бо таронаҳои ватандӯстона пешкаши сокинону меҳмонон гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg