
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино" бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино" - Азиззода Зубайдулло Абдулло ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокдорон перомуни дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва нақши калидии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамъии миллат ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон Ятимова Гуландон ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоӣ бо дастгирии аксарият аъзои ҳизб интихоб карда шуд.