ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии адабию фарҳангӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” доир карда шуд.
Дар рафти баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ба маърази тамошо гузошта шуд. Раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дидан намуда, баҳои баланд доданд.