БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободии Ватан ва рӯзгори осудаи мардум саҳмгузор бошем!

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2018  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Дезинфексия» вохӯрӣ  доир карданд.

Зимнан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи соли 2018 дар кишвар эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуд.

Баъдан дар идомаи суҳбат Фирӯз Пиров бошад,  дар бораи тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, дар тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани падару модар, таъсиси  ҷойҳои нави корӣ дар хона бо ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ,  аз ташхис ва муоинаи  тиббӣ гузаштани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд,  истифодаи дурусти технологияи муосир  андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg