КӮЛОБ. Дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ватандӯстӣ яке аз унсурҳои асосиро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин дар ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки васеи сокинони ҷамоат, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Сироҷов Меҳриддин иштирок ва баромад намуданд.
Зимнан, Валиева Саъбагул ба сухан баромада, гуфт, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваста буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад. Мавсуф таъкид намуд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон танҳо ба мавсимҳо маҳдуд нашуда, балки дар ин самт пайваста корбарӣ карда шавад.
Дар робита ба ин зикр гардид, ки сипари боэътимоди ҳар давлат ва сарчашмаи сулҳу амнияти он аз Қувваҳои мусаллаҳаш мансуб меёбад. Ҳар як давлат маҳз ба воситаи Артиши худ тартиботу амниятро таъмин месозад. Фаъолони ҷомеаро дар ин миён мебояд ба ҷавонон ин нуқтаро фаҳмонанд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.