БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БА САФИ ҲХДТ МЕПАЙВАНДАНД

ЁВОН. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, санаи 02 сентяби соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии адабию фарҳангӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” доир карда шуд.

Ҳамзамон дар рафти баргузории чорабинии мазкур як чанд нафар ҷавонони даврони Истиқлолият ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд. Аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд ба ҷавонони нав аъзо шуда, билети ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg