БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОН, АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ ВА ДИГАР ҚИШРИ ФАЪОЛИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ бо аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа  баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули ҳизбӣ  Саймуминзода Фирӯз Саймумин, Саъбагул Валиева,  Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб  Исмоилзода Саидмурод, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутаммадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар фарҷом аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар истиқбол аз Истиқлоли давлатӣ ҳамаҷониба омода бошанд, то ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg