То ҳаст зи ҷон рамақ Ватан мегӯям,
Андар сари ҳар варақ Ватан мегӯям.
Шукронаи нуру обу хоку бодаш,
Шукрона, ки сулҳ дар Ватан мегӯям.
АНДЕША. Таҷлили санаи муҳими таърихӣ- 9 сентябр ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар санаҳои таърихӣ фарқкунандаву нодир ба шумор рафта, барои шаҳрвандони кишвари азизамон хеле азизу гиромӣ аст. Зеро маҳз ҳамин пирӯзӣ ба мардум сулҳу оромӣ, хушбахтиву хурсандӣ ато намуда, занони кишвар низ мақому манзалати баландро соҳиб гаштанд.
Ман аминам, ки тинҷию оромӣ, сулҳу субот, хонаи ободи ҳар як тоҷикистонӣ орзуву ормони ҳар як зан- модари тоҷик буду ҳаст ва хоҳад монд. Зеро ҳеҷ як неъмате наметавонад ҷойи истиқлолияти имрӯзаи кишвари моро иваз намояд. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ бонувон таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, баҳри эшон шароиту имконияти бемаҳдуд фароҳам оварда шудааст. Падидаи соҳибистиқлолии Ватан аст, ки занону бонувони тоҷик дар фазои сулҳу субот ба сар бурда, қадам ба қадам ба нияту мақсадҳои неки худ мерасанд. Сол то сол сафи бонувон дар ҳама самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат афзуда дар тараққиёту рушди мамлакати биҳиштосои мо саҳми назаррасеро гузошта истодаанд.
Воқеан, ҳодисаҳои мудҳише, ки рӯзҳои охир дар ҳудуди кишвари ҷангзадаи Афғонистони ҳамсоя шуда истодааст, мо занони тоҷикро бетараф намемонад. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳама фишору зарбаҳои равонию ҷисмониро сараввал модар мечашад ва аз ҳама бештар ба зан-модар озору алам мерасад.
Шукр, ки бо шарофати Роҳбари оқилу донои миллат мо тоҷикон ба зудӣ соҳиби сулҳу ваҳдати комил гаштем. Пешвои муаззами миллат кишвари мотамзадаву ба даҳшатафтодаро аз гирдоби ҷангу ҷаҳолат берун кашид ва Тоҷикистонро чун офтоб ба чашми дигарон мунаввар сохт.
Занони ҳушманд ва бономуси миллати мо аз ин имкониятҳои фароҳаме, ки доранд, истифода карда, месазад барои сазовор гаштан ба боварии давлату миллати худ, бахусус расидан ба зиндагии шоиста ҷаҳду талош намоянд.
Агар дуои Модар мустаҷобшаванда аст, пас биёед мо модарон дуо мекунем, чашми бади кас ба неъмати Яздонӣ бо номи истиқлолият нарасад ва бигузор ин пирӯзӣ ва сулҳ пояндаву ҷовидонӣ ва офтобаш бар сари ҳама мардуми кишвар, бахусус модарон рахшандаву тобанда бошад!
Сунатуллоева Мавзуна, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин