БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ДАҲАИ ТАНТАНАҲО» ДАР ШАҲРИ НОРАК

НОРАК. Вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон чорабинии сиёсию фарҳангии «Даҳаи тантанаҳо» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабинӣ бо ба маърази тамошо гузоштани  ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида,

дар  чорабинии идона  раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак  Гулмуродзода Қумриниссо  доир ба дастовардҳои ҳизбию давлатӣ дар давраи 30-соли соҳибистиқлолии  кишвари маҳбубамон дар назди  ҳозирин баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ҷодаи бунёдкорию ободонӣ дар атрофи сиёсати Роҳбарияти Олии сиёсии ҳизб, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ будану шукргузори аз сиёсати имрузаи давлат ва Ҳукумати кишвар рисолат ва  қарзи инсонии ҳар як аъзои  ҳизб ва фарди  худогоҳ  бояд бошад. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур мовини раиси шаҳр Ҳасанзода  Шаҳло  ба сухан баромада,  нақши Ҳизби Халқии Демократии Точикистонро дар рушду нумуи хоҷагии халқи шаҳрро  басо бузургу такдирсоз арзёбӣ намуд.

Вобаста ба дастовардҳои  30-соли сохибистиқлолии  кишвари маҳбубамон  ба як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати интиҳои  чорабинӣ бо баргузории барномаи консертии ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» бо пешкаш намудани суруду охангхои ватандорию ватанпарастӣ ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg