АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаест шоиставу ибратбахш ва омӯхтанӣ, зеро дар як муддати барои таърихи башар кӯтоҳтарин он на танҳо аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт, балки дастовардҳои назаррасу дурахшоне ба даст овард. Истиқлолият ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 30 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодисаи фараҳбахш ҳамасола 9-сентябр расман дар Ватани азизи мо ҷашн гирифта мешавад.
Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, ҳаёти озодонаи ҳар як фарди кишвари азизамонро таъмин менамояд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳодааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои онро дар саросари олам мешиносанду арҷ мегузоранд ва эҳтироми хосса ба Сарвари он доранд. Пешвои миллати мо низ бо ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда ва иқдомҳои тақдирсози башарӣ на танҳо давлати моро ободу зебо ва дӯстдоштанӣ гардониданд, балки дар раванди ҷаҳонии бунёдкориву созандагӣ саҳми бориз ва назаррас гузошта, обрӯ ва нуфузи байналмилалии мамлакатамонро рӯз то рӯз боло бурда истодаанд. Ба шарофати сиёсати дурусти башардӯстонаву сулҳпарварона ва дастовардҳои беназире, ки имрӯз халқи тоҷик ба онҳо пайваста ноил мегардад, ҷумҳурии мо ва Пешвои хирадпешаи он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта мешаванд.
Имрӯзҳо самараи истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати баруманди хеш ифтихор намуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Бигзор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва фазои сулҳу субот оварад.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ