БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ХАСУ ХОРАТ БАРОБАР ЗИНДАГӢ КАРДАН БАС АСТ…

ВОКУНИШ. Нафарони фитнаангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳомии мардуми Тоҷикистон нишон дода, тибқи реҷа дар каналҳои худ сафсатагӯиро пешаи худ карда ҳар он чи, ки дар забонашон ояд мегӯянд. Онҳо зери дастури хоҷагонашон мақсади ноором сохтани кишвари бузурги моро доранд, ки ман умедворам, ки ба онҳо ин амал насиб нахоҳад гашт. Онҳо аз масъалаҳои кӯчак фил сохта, танҳо ёвгӯӣ карда дар замирашон ниятҳои бад аз қабили нором сохтан, пароканда намудан, қатли инсонҳои бегуноҳ ба мисли соҳои 90-ум мебошад. 

Аз ин лиҳоз мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба баромадҳои ин шахсони асолатбохта, нохалаф вокуниш нишон дода, мисраҳои шоири бузургро қайд намоем:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту.
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту,
Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Кишвари азизи мо ҳавои мусаффояш ва хоки зархезу оби ширинаш беҳтарин ганҷинаест, ки онро дар дигар манотиқи ҷаҳон ёфтан номумкин аст. Мо озодона ҳаёт ба сар мебарему шукронаро ҳар лаҳзаву ҳар соат ба ҷо меорем.

Дар ин ҷода  Нуруллоҳи Ориф дар мисраҳои шеъриаш қайд менамояд:

Дар синаи мо дил, ин дили меҳани мост,

Дил баҳри вафо гирифта ҷо дар тани мост.

Сар дар бағалат қарор ҳар рӯзи дароз

Гул карданат, эй диёр, гул кардани мост.

Бештари шаҳрвандон ширинии ҳаёти  худро дар ғарибӣ мебинанду ва ин  эҳсосоти хешро бо ашки чашм ба дигарон мефаҳмонанд.  Тавре шоир гуфтааст:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар,
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар
.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз обу хоки диёри аҷдодӣ ин давлатро устуворона нигоҳ дошта нагузорем, ки каси дигар амнияти моро халалдор созад!

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg