АНДЕША. Донишмандон ва олимони соҳаи тиб аз қадимулайём барои беҳдошти вазъи саломатии инсон талошҳои зиёде варзиданд, ки инсоният худро саломат ва бардавом эҳсос намояд. Аз замони пайдоиши соҳаи тиб табибон барои омода намудани доруворӣ, тарзи ҷарроҳӣ, аз байн бурдани дард ва ҳифзи бадани инсон аз вирусҳо талошҳо намудаанд. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳонро пандемия фаро гирифту бо суръати тез вируси ковид-19 паҳн гардид, тамоми иқтисодиёти ҷаҳон ба буҳрон дучор шуд. Сарҳад миёни давлатҳо баста шуда, ҳатто хатти парвозҳо низ манъ карда шуд. Новобаста аз чораҳои эпидемиологӣ ин вируси ноаён бо зиракӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифта, одамонро сироят намуд.
Ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин вирус ва ҳифзи инсоният тамоми тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, ваксина зидди ин бемори аз ҷониби якчанд давлатҳои абарқудрат истеҳсол карда шуд. Имрӯзҳо бошад дар сартосари кишвар чорабинии гузаронидани ваксина бар зиди бемории сироятии коронавирус ҷараён дорад. Ин омил метавонад моро аз сироятёбӣ ва оқибатҳои вазнини ин бемории хатарнок эмин нигоҳ дорад.
Баъзан овозаҳои беасос мардумро ба гирифтани ин ваксина дилсард намудааст, аммо то ҳол исбот нашудааст, ки ин ваксина барои инсон хатар дорад. Бубинед мо аз хурдсолӣ ҷиҳати сироят наёфтан ба бемориҳои фалаҷ ва дигар ваксина сол ба сол мегузаронем, ки онҳо ба мо ягон асари манфӣ накардаанд. Ин ваксина низ тибқи тавсияи олимони соҳаи тиб барои беҳдошти вазъи саломатии инсон аст ва дар саросари кишварҳои мутараққӣ гузаронида шуда истодааст.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ