АНДЕША. Ҳамасола чун анъана дар тамоми Муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо дарси сулҳ оғоз меёбад. Хеле хурсандибахш аст, ки рўзи аввали оғози соли таҳсили нав дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун Рўзи дониш таҷлил мегардад. Дар ҳамаи Муассисаҳои таълимӣ бо иштироки роҳбарон, омузгорон, хонандагон ва падару модарон ботантана қайд карда мешавад. Нафароне, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, албатта барояшон рӯзи фаромўшнашаванда мебошад. Рўзи нахустини ба мактаб омадани онҳо, ботантана таҷлил гардидани Рўзи дониш, оғози солҳои мактабхонӣ, донишандўзӣ, меҳру муҳаббат ва навозиши нахустини устодон дар хотири кўдакон якумр нақши муҳим мебандад.
Бояд қайд намуд, ки барои давлат ва ҷомеаи мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомўзӣ, эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли кормандони соҳаи маориф ва хонандагони арҷмандро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рўзи дониш аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба хонандагон барои фатҳи қуллаҳои нави илму дониш ва ба устодону омўзгорон барои ноил шудан ба муваффақиятҳои нав дар таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳо орзу менамоям.
Қ.Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон