ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаи Шоғарави ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. Зимнан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ф. Абдураҳимова оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи терроризму экстремизм, худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи фарзанд аз хона то мактаб, одобу рафтори ҷавонон нисбати куҳансолон ва аз ҳар гуна корҳои номатлуб пешгирӣ намудани онҳо андешаронӣ намуд.
Дар идома суҳбат оид ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд кард, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст”
Гуфта шуд, ки аъзои ҲХДТ бо роҳбарии Раиси муаззами он баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҳизби ҳокиму пешбарандаи ҷомеа бештар мегардонанд.