БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАНБАИ ХАМАИ ДОНИШҲО КИТОБ АСТ

АНДЕША. Дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороӣ ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб ва афсурдагӣ дур месозад. Дониш барои инсон манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд хор намешавад, донишаш ӯро сармояи бузург аст.

                 Дониш андар дил чароғи равшан аст,

               В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҳеч ганҷе бузургтар аз дониш нест. Пас бисёр кӯшиш мебояд то дар вақтҳои холигӣ китоб хонда, дониш аз худ кунем. Китоб ҳаёти инсониятро дигар карда, ба роҳи дуруст ва қуллаҳои баланди зиндагӣ ҳидоят мекунад. Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму дониш кӯшиш мекунад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани илму дониш сарф намоем. Мегӯянд, ки хираду дониш ба инсон ҳамчун ғизо неру мебахшад. Аммо дар баробари омӯхтани илм амал кардан муҳим аст. Агар ҳарчанд омӯзем, аммо амал накунем, дар ин ҳолат суде нест.

                     Илм чандон ки бештар хонӣ,

                     Чун амал дар ту нест нодонӣ.

Барои омӯхтани дониш албатта бояд бештар китоб хонд, зеро манбаи хамаи донишҳо китоб аст.

                     Китоб омӯзгори рӯзгор аст,

                     Рафиқи меҳрубону ғамгусор аст.

                     Ҳар он кас бо китоб андар сухан шуд,

                     Суханпарвардаи ҳар анҷуман шуд.

 Бешак дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Хуш ба ҳоли он нафаре, ки аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, зеро беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илму дониш андухтан аст.

Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg