БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ НИШОН АЗ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ!

АНДЕША. Сокинони  Тоҷикистони биҳиштосо пас аз чанд рузи ба шумор,  30-соли соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, якдигарфаҳмӣ, Ваҳдати миллӣ ва  зиндагии шоистаи худро таҷлил менамоянд. Ҷиҳати таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳар як кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия ва шаҳру вилоятҳо корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Ҳамзамон кормандони  ташкилоту муассисаҳо, корхонаю мақомотҳои давлатӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ номнавис гардидаанд. Бинобар ин, тайёриҳои пеш аз чорабинӣ дар ҷойҳои муайяншуда доир гардида истодааст, ки сокинон бо як руҳияи баландӣ хештаншиносӣ  иштирок  менамоянд, зеро Истиқлолият-ҷашни озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа маҳсуб гардида, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳост. Ҳар нафареки аз иштирок дар тантанаҳои Истиқлолияти кишвар саркашӣ, хунукназарӣ ва ё бетаваҷҷуҳи зоҳир  менамояд, ман онро  бегонаи  давлату  миллат медонам, зеро соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Истиқлолияӣ давлатӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу хештаншинос аст, зеро таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз бо Истиқлолияти давлатӣ вобастагии мустақим дорад.  Аз ин рӯ зарур аст, ки бо як ҳисси баландӣ ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз имрӯзу гузаштаи худ  дар тамомӣ чорабиниҳои баргузоршаванда, иштирок намуда, ба ҷаҳониён аз соҳибистиқлолии худ далолат диҳем, зеро  вазъи зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир бозгуи он аст, ки миллат ва қавмиятҳое, ки соҳибистиқлолии худро ба даст наовардаанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони пазируфта намегарданд. Маҳз бо шарофати  истиқлолиятӣ комили сиёсӣ, миллати  мо  дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати куҳанбунёд, бофарҳангу соҳибтамаддун шинохта шуд. Дар ин росто зарур мегардад, ки ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарин пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Худойдод  Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон                    
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg