БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР

Чист истиқлол иззат доштан,

Бар диёри хеш муҳаббат доштан.

АНДЕША. «Истиқлолият» ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро обод намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Калимаи истиқлолият маънои соҳибдавлатӣ ва мустақилиятро ифода намуда, соҳиби давлат будани миллатро ифода менамояд.

         Ҷилва дорад бахт дар лабханди ту,

         То  абад  ҷонам бувад пайванди ту.

Тӯли 30-соли истиқлоли Ватан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати  инсондӯстонаву  бунёдгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои  назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мушарраф гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд.

Дар масири таърих 30-сол муддати тӯлонӣ набошад ҳам,  дастовардҳои сиёсӣ иқтисодӣ  ва фарҳангиву иҷтимоие, ки дар ин муддати кӯтоҳ барои миллати тоҷик мушарраф гардидааст, беҳамтост.

Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми ватандӯстамон баҳри тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси Роҳбари давлат дар хусуси эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯ овардаанд.

Инчунин, шурӯъ аз соли 2018 бо пешниҳоди навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории СММ  «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 роҳандозӣ гардид, ки нуфузи Тоҷикистонро дар самти сиёстаи хориҷӣ боз ҳам афзунтар гардонид.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари азизи мо имкон дод, ки ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро тадриҷан бартараф намуда, шароити мусоиди рушду пешрафтро фароҳам овард. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмонҳои бузурги аср НБО-и Сангтӯда 1, Сантӯда 2, роҳи оҳани Бохтар -Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Кулма-Қароқурум, нақбҳои Шар-шар, Истиқлол ва Озодӣ шурӯъ гардида бунёд карда шуданд.

Дастоварди хеле азими аср ба истифода додани ду агрегати НБО-и Роғун дар солҳои 2018-2019 мебошад, ки ба истиқлолияти энергетикӣ расидани халқу давлати моро таҷассум менамояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи  57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16, 4 миллиард сомонӣ татбиқ  гардида истодааст. Айни ҳол дар доираи 11,3 миллиард сомонӣ корҳои азнавсозӣ дар НБО-и «Норак», «Сарбанд», «Қайроқум», рафта истода, дар доираи лоиҳаи «Каса-1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 киловата ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди НБО-и “Себзор» дар ноҳияи Роштқаълаи ВМКБ оғоз гардидааст.

Дастовардҳо дар соҳаи нақлиёт низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беназиранд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 53 лоиҳаи давлатӣ сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар соҳаи нақлиёт имрӯз 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағӣ 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи он ба анҷом мерасад. Дар доираи онҳо Қитъаҳои Душанбе- Қизилқалъаи шаҳраки мошингарди Душанбе- Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кулоб – Шамсиддини Шоҳин ва   ШКЕВ - Қалъаи Хумби шаҳраки Кулоб- Қалъаи Хумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб- Муминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар дигар самтҳои хоҷагии халқ низ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд, ки ҳисоботи мухтасари онро мо дар паёми имсола роҳбари давлат шунидем ва аз он иқтибосҳо овардем.

Ба ин монанд боз даҳҳо  мисолҳои дигарро оварда мумкин аст, ки мутаалиқ ба давраҳои соҳибистиқлолӣ аст.                                                                         

Сатторов Ш.,  мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg