ҶАЙҲУН. Дар доираи аксияи “Даҳаи тантанаҳо” ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани корҳои ободонӣ ва зебогардонӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар робита бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар атрофи роҳи марказии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва назди бинои Ҳукумати ноҳия гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинонида шуд.
Инчунин, бо иштироки кормандони Ҳукумати ноҳия шанбегӣ гузаронида шуда, гирду атрофи бинои Ҳукумат аз ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза карда шуд. Бояд қайд намуд, ки чунин иқдомҳои неку созанда дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлол амалӣ гашта истодааст.