БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ-ФАРҲАНГӢ ДАР ДОИРАИ «ДАҲАИ ТАНТАНАҲО»

ХУРОСОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва нақшаи тасдиқгардида, дар доираи «Даҳаи тантанаҳо» чорабинии тантанавӣ, бахшида ба истиқболи  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва собиқадорон дар маркази ноҳияи Хуросон, ҷамоати  шаҳраки Обикиик баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ду қисмат- расмӣ ва фарҳангӣ иборат буда, дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обикиик» Олимзода Саидқул  дар бораи 30-соли дастовардҳои замони Истиқлол ибрози андеша намуда, баъдан ба як қатор аъзову фаъолон, собиқадорон ва шахсоне, ки саҳми арзандаи худро дар ободонии деҳаю маҳал гузоштаанд,  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии «Обикиик» Олимзода С қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg