БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Пас, аз чанд рӯз Тоҷикистон навин 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил  мекунад. 30-сол барои як давлату миллат дар назди таърих соли кучак аст. Аммо барои мо тоҷикон солҳои таърихӣ, солҳои шикасту рехт, роҳи пурифтихору пурпечу фарози зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз мардуми шарифи кишвар ба истицболи 30-солагии Истиқлолият аз соли 2018 омодагӣ медиданд. Дар арафаи ҳар солгард ҳар шахс бурду бохт ва дарсу сабақҳои гирифтаашро таҳлилу муқоиса намуда, хулосаҳо мебарорад.

Дар ин марҳила Тоҷикистону тоҷикон ба марҳилаи сифатан нави давлатдориву давлатсозӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, баргаштан ба асолати аҷдодӣ ва пайвастан ба тамаддуни ҷаҳони муосир ворид шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имконият дод, то худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, аз манфиатҳои давлативу миллииаш ҳимоя ва дифоъ кунаду дигарбора давлатдории худро эҳё намояд. Ба таъбири Пешвои миллат “Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне, миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид”.

 Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон як қатор дастовардҳо дорад, ки камназир мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали солҳои истиқлолият се ҳадафро пеш гирифт, ки зина ба зина онҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла бо сохтани роҳҳои нав, нақбҳо, таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳоӣ ёфт. Дар доираи амалӣ намудани ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра роҳи оҳани Кулма-Қароқурум, роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ-Кулма – Қуроқурум, нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб, нақби “Шаршар, нақби “Хатлон”, нақби Шаҳристон, роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар, шоҳроҳи Душанбе- Чаноқ ва ғайра сохта, гӯшаҳои гуногуни мамлакатро ба ҳам пайваст.

Ҳадафи дигари кишвар ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ амалӣ намуд.

Бунёду таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, маркази барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунн ислоҳоти соҳаи энергетика имкон дод, ки таъминоти энергетика ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас беҳтар гардад. Аз ҷумла бунёди НБО-ҳои “Сангтӯда-1” (бо иқтидори 680 мегаватт), “Сангтӯда-2” (220 мегаватт), беша аз 270 адад неругоҳҳои хурду миёнаи обии барқӣ, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, зеристигоҳҳои бузурги барқии “Ҷануб –Шимол”, “Лолазор –Хатлон”, “Хуҷанд – Айнӣ” ва ду агрегати НБО- “Роғун” мавриди истифода қарор гирифтанд.

Овардани ҳамин ду мисол аз ҳадафҳои миллӣ гумон мекунам кофист, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро хотирнишон намоем.

Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳ  ташаббускор эътироф шуда мавқеи худро соҳиб шудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон “Уфуқҳои Истиқлол” менависанд, ки “Барқарор намудани равобити хориҷӣ ва шиноснамудани Ҷмуҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвар мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол, мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд. Дар санаи 29-сенябри соли 1993 дар суханронии худ ба ҳайси Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз минбари СММ нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму нияти неки давлати тозаистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррфӣ намудем”.

Ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, равобти дӯстӣ ва ҳамгироии бо давлатҳое чун, Россия, Украина, Белорус, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Чин, Канада, Туркия, ИМА, Аргентина, Куба, Олмон, Англия, Арабистони Саудӣ, Миср, Чехия, Полша ва дигар давлатҳо густриш ёфта истодаанд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви ташкилоту созмонҳои байналмилаӣ дар ҳалли як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташаббусҳои созанда намудааст. Иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа ва саммитҳои ташкилотҳои минтақавӣ ба байналмилалӣ аз ҷумлаи муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар 30-соли соҳибистиқлолӣ тоҷикон ҳарчи бештар ба асолатӣ миллӣ ва шинохти аҷдодони худ наздик шуданд. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи Аҷам, ба мероси ғайримодии ЮНЕСКО шомил шудани чакан, эҳёи идҳои Меҳргон, Сада, таҷлили бо шукуҳи бузургдошти шаҳрҳои қадимаи тоҷикон аз ҷумла, Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, солгарди шахсиятҳои баруманди миллат, ба монанди Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абудқосим Фирдавсӣ, Нақибхон Туғрал, Сайидо Насафӣ, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Турсунзода, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав ва ғайра тоҷконро ҳарчи бешатр муаррифӣ намуданд.

Дар маҷмуъ метавон бо боварии комил изҳор дошт ва хулоса намуд, ки Тоҷикистон дар зарфи 30-соли Истисқлолияти давлатӣ ба суръати қайҳонӣ рушд кард ва аз нав эҳё гардид.

Толибзода Толиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg