БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНЕ, КИ ГУЗАШТАГОНАМОН ТӮЛИ ҲАЗОРҲО СОЛ ОРЗУЯШРО ДОШТАНД

АНДЕША. Мо китоби “ Тоҷикон ”-ро мутолиа кунем аз замонҳои қадим пай хоҳем бурд, ки дар ин сарзамине, ки мо қадам болояш мегузорем чи таҳаввулот ва ҳодисаҳое руй додааст. Кишвари офтобруяи мо аз замонҳои қадим зери ҳуҷуми душманони ин сарзамин қарор дошт. Мувофиқи далелҳои таърихнигорон дар ин муддат сарлашкарони зиёд ҳамла оварданду ҷанговарони далеру нотарс ба зидди онҳо хеста, душманро шикаст додаанд. Яъне ин сарзамин бо доштани кӯҳҳои осмонбусу доманҳои васеъ мардони далеру шуҷоъро низ ба воя расонидааст, ки душманро новобаста аз қудрат ва маҳорати ҷангиаш шикаст додааст. Пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён аждодони гузаштаи мо орзуи соҳибистиқлолӣ, ягонагиро мекарданд. Ҷиҳати барпо намудани давлати ягона ҷаҳду талошҳои зиёде намуда, барои насли оянда осори гаронбаҳое аз худ боқи гузоштанду ва таъкид кардаанд, ки вобаста ба устувории давлатдорӣ доимо зираку ҳушёр бошанд.

Бо талошҳои зиёд дар солҳои 20-уми асри 19 фарзандони фарзонаи тоҷик нишон додан таърихи мардуми тоҷикистонро ва онро ҳамчун давлати алоҳида ба иттиҳоди Шӯрави ҳамроҳ намуданд.  Дар муддати 70 сол олимону донишмандони Тоҷикзабон аз таърих, сарнавишти ин миллати куҳанбунёд далелҳои зиёде ҷамъоварӣ намуда, бо забонҳои гуногун барои аҳолии башар пешниҳод намуданд. Акнун ҷаҳон аз таърихи мардуми Тоҷикистон бахабар шуд. Солҳои 90-уми асри гузашта барои ташкили давлати соҳибистиқлол ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нофаҳмиҳо бартараф ва барои эъмори давлати миллӣ пояҳои устувор гузошта шуд.

Дар ин муддат кишвари мо  бо давлатҳои гуногун муносибатҳои дипломати барпо намуда, ҳатто дар Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ дархосту пешниҳодҳо намудааст, ки онҳо ҷонибдори гардидаанд. Маҳз фаъолияти дурусти давлатдории мо дар муддати кӯтоҳ ба пешравиҳои ҳамаи соҳаҳо замина гузошта, мо тавонистем, ки ба як кишвар ободу зебо табдил ёбем.

Маҳз бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ободкориву зебогиҳо тавонист, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намояд ва барои рушди соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид ва имтиёзҳо фароҳам оварда шуд.

Акнун мо барои таҷлили 9-сентяб Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ мебинему ин рӯзро чун санаи таърихӣ бо шукуҳӯ шаҳомат таҷлил менамоем. Давлати мо дар 30- соли соҳибистиқлолӣ ба яке аз кишварҳои зебо табдил ёфта, ҳадафҳои стратегиаш амалӣ гардиданд. Ҷашни соҳибистиқлоли орзуи деринаи аждодони мо буда, ҷиҳати таҳким ва устувории ин давлат мо масъулияти худро зиёд намуда, наслҳои ояндаро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ таълиму тарбия хоҳем намуд.

Ҷашни 30 –солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Тоҷикистониён ва тоҷикзабонон табрик гуфта ба онҳо тандурустиву хонаободӣ таманно мекунам.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg